Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Ҷоми раиси AFC


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё аз тими мизбон - «Тайван Пауэр»-и Тайван бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври аввали сабқати гурӯҳи “А” 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Гаосюни Тайван, ки 40 ҳазор ҷойгоҳ дорад, бо ҳузури якуним ҳазор мухлис баргузор шуд.

По-Лианг Чен дар дақиқаи 39-ум ҳисобро боз кард. Баъди ду дақиқа голи дуввуми мизбононро Шин-Лу Чианг ба ҳадаф расонд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи "Пномпен Краун"-и Камбоҷа бар тими "Нефтчӣ"-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳои камбоҷагиҳоро Кингсли Мету Нджоку (дақиқаи 34-ум) ва Чая Чан (55), як голи қирғизҳоро Илёс Олимов (79) заданд.

Даври дуввуми сабқати ниҳоӣ 21-уми сентябр баргузор мешавад. "Истиқлол" бо "Балкан"-и Туркманистон ва "Яданарбон"-и Мянмар бо "Пномпен Краун"-и Камбоҷа бозӣ мекунанд.

Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ, ки 25-уми сентябр баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми раиси АФК ба маблағи 50 ҳазор доллар мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастае, ки дар бозии ниҳоӣ шикаст мехӯрад, 25 ҳазор доллар супурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст. Тими “Истиқлол” бошад, барои бори аввал дар Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG