Пайвандҳои дастрасӣ

Сипоси Лукашенка ба Чин барои қарзи калони молӣ


Президенти Беларус Александр Лукашенка аз Чин барои пешкаши як миллиард доллар қарз ба кишвараш изҳори ташаккур кард. Дар бораи имзои созишномае дар ин замина рӯзи шанбе хабар дода шуд. Матбуоти давлатӣ аз қавли Лукашенка навишт, ки қарзи мазкур барои “навсозии иқтисоди Беларус ва таъмини он бо фанновариву ташаббусҳои тоза” равона хоҳад шуд. Баъди суқути шӯравӣ ҳоло Беларус бо бӯҳрони шадидтарини иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст. Дархости Минск аз Сандуқи байналмилалии пул дар бораи гирифтани ҳашт миллион доллар қарз беҷавоб монд, чунки ин ниҳоди байналмилалӣ аз Беларус дар ҷавоби қарз ислоҳоти иқтисодиро тақозо намуд.
XS
SM
MD
LG