Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксари ҷавонони тоҷик барои касбомӯзӣ аз деҳот ба шаҳр меоянд, вале шумори хеле ками онҳо розӣ мешаванд то барои кор ба зодгоҳашон баргарданд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати маориф ва Вазорати тандурустӣ аз норасоии мутахасcисони касбӣ дар деҳоти кишвар шикоят мекунанд. Ин мавзӯъи баҳси барномаи «Ояндасоз» буд, ки бо иштироки чанд ҷавон баргузор шуд.

Моҳлиқо Шарипова, рӯзноманигори ҷавон, иштирокчии ин мизигирд мегӯяд: "Аксарияти ҷавононе, ки соҳиби дониши хуб ҳастанд, аз кӯҳистон ҳастанд. Аммо вақте онҳо мебинанд, ки ҳамдеҳагонаш, падару модараш бо мушкили зиндагӣ мекунанд, кӯшиш мекунанд, то омӯзанд ва дар шаҳр бимонад ва ба он зиндагие, ки медонист, барнагардад. Аслан барнагаштани ҷавонон аз шаҳр ба деҳот ба мушкилоти иҷтимоӣ вобаста аст".

Сӯҳроби Раҷабалӣ, донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ барои таҳсил омадааст, мегӯяд: «Имрӯз дар деҳот ҳам сатҳи дониш паст шудааст. Ман, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ омадаам, мехоҳам, баргардам ва ба мактаббачагон савод омӯзам. Агар ман наравам, ту наравӣ дигар кӣ меравад. Бояд мо бо вуҷуди мушкилот ба деҳот равем ва деҳаро обод кунем, зеро сокинони зиёди Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд».

Амирҷон Нуров, сармутахассиси Раёсати илм ва фармасевтии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамасола ин вазорат садҳо мутахассисро омода намуда ба деҳот мефиристад. Аммо дар тамоси телефонӣ аз ноҳияи Шӯрообод дар ин мизигирд Баҳром Сафаров, пизишки ҷавон мегӯяд, се сол аст, дар ин ноҳия кор мекунад, аммо ҳеҷ шароите барои ӯ мӯҳайё нест ва тасмим дорад кор дар ин ноҳияро тарк кунад.

Аммо Амирҷон Нуров мегӯяд, муҳаё намудани шароити мутахассисони ҷавон ба ӯҳдаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаст, ки мутаассифона онҳо ин корро нодида мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустӣ талош мекунад, то деҳоти дурдастро бо пизишкон таъмин кунад.

Ситора, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳаст, ки барои таҳсил аз ноҳияи Ишкошим омадааст. Ӯ мегӯяд, намехоҳад ба зодгоҳаш баргардад, зеро он ҷо барои ӯ маоши каме медиҳанд. Ҳоло ӯ талош дорад, то кори беҳтаре дар пойтахт пайдо кунад ва ҳамин ҷо муқимӣ бимонад.

Фаррух, ҷавони дигаре, ки Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст, мегӯяд, деҳот ҳазору як мушкил дорад, ки ҷавонон аз онҳо мегурезанд. Аммо ба андешаи ӯ, набояд аз ин мушкилот гурехт ва роҳи ҳалли онро пайдо кард.

Ба андешаи мусоҳибони мизи гирди «Ондасоз», ба ҷавонон барои бозгашт пас аз таҳсил ба деҳот ду мушкил вуҷуд дорад: Мушкили иҷтимоӣ ва набудани идеологияи мушаххас.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG