Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори қурбониҳои намоишҳои эътирозии Санъо


Мақомоти тиббии Санъо мегӯянд, ки имрӯз аз ҷониби снайпер ё тирандозҳои ҳукуматӣ дар пойтахти Яман тахминан бист кас кушта шуданд. Ба ин тартиб, шумори куллии эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар Санъо, ки дирӯз даст ба тазоҳуроти серҷамъияттарин заданд, ба 50 нафар наздик шуд. Ин яке аз ҳамлаҳои пурхушунаттарини нирӯҳои ҳукуматӣ зидди эътирозгарони ҳукумати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аст, ки аз моҳи январ ба ин сӯ раҳпаймоии эътирозӣ мекунанд. Фиристодаи ИМА дар умури ҳуқуқи башар Эйлин Чамберлайн Донаҳю аз гузоришҳои расида дар заминаи хушунатҳову кушторҳои нирӯҳои ҳукуматӣ изҳори нигаронӣ кард. Худи Солеҳ, ки 33 сол сари қудрат будааст, баъди маҷрӯҳшавиаш дар як ҳодисаи сӯиқасд ҳамоно дар Арабистони Саъудӣ панаҳ мебарад.
Тибқи хабарҳои охирин, фиристодаи СММ Ҷамол Беномар барои ошноӣ бо вазъ ба Яман рафта, раҳбари шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ Абдулатиф Заёнӣ бояд то шоми имрӯз вориди Санъо мешуд. Ин созмон талош дорад, ки дар барҳам задани бӯҳрони Яман миёнҷигӣ кунад.
XS
SM
MD
LG