Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониҳои нави намоишҳои зиддиҳукуматии Яман


Мақомоти тиббии Санъо мегӯянд, ки дасти кам се нафар имрӯз аз ҷониби снайпер ё тирандозҳои ҳукуматӣ дар пойтахти Яман кушта шуданд. Дирӯз дар паи як намоиши зиддиҳукуматӣ дар Санъо 26 эътирозгари зиддиҳукуматӣ кушта шуданд. Рӯзи якшанбе даҳҳо ҳазор сокинони Яман ба хиёбонҳои Санъо рехта зидди ҳукумати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ раҳпаймоӣ карданд. Тибқи гузоришҳо, баъди эътирозҳои зиддиҳукуматие, ки моҳи январ шурӯъ шуд, ин серҷамъияттарин раҳпаймоӣ будааст. Фиристодаи ИМА дар умури ҳуқуқи башар Эйлин Чамберлайн Донаҳю аз гузоришҳои расида дар заминаи хушунатҳову кушторҳои нирӯҳои ҳукуматӣ изҳори нигаронӣ кард. Худи Солеҳ, ки 33 сол сари қудрат будааст, баъди маҷрӯҳшавиаш дар як ҳодисаи сӯиқасд ҳамоно дар Арабистони Саъудӣ панаҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG