Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши таҳлилӣ рейдҳои шабонаи Афғонистонро таҳқиқ мекунад


Мардуми Ғазнӣ зидди рейдҳои нирӯҳои хориҷӣ эътироз мекунанд. Августи соли 2011

Мардуми Ғазнӣ зидди рейдҳои нирӯҳои хориҷӣ эътироз мекунанд. Августи соли 2011

Як таҳқиқоти таҳлилгарони амрикоӣ мегӯяд, ки рейдҳои шабонаи нирӯҳои байналмилалӣ хашми бештар ва вокуниши манфии мардуми Афғонистонро ба бор меорад. Гузориши Бунёди Ҷомеаи бози воқеъ дар Ню-Йорк мегӯяд, ки нирӯҳои НАТО ва ИМА дар анҷоми рейдҳои шабона ба пешравӣ даст ёфтаанд, вале афзоиши ингуна амалиёт боиси нороҳатиҳои зиёди мардум шудааст, ки таъсири давомдор хоҳад дошт.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки нафарони дорои начандон равобити наздик бо ошӯбгарон, аз ҷумла таъминкунандагони ғизову сарпаноҳи ҷангиён ҳадафи рейд қарор мегиранд ва айни замон, размандагони фаъол дар канор мемонанд.

Бар тибқи омори расмӣ, дар марҳилаи миёни моҳи феврали соли 2009 ва декабри соли 2010 шумори рейдҳо панҷ маротиба афзоиш ёфта, дар давоми як шаб то 19 рейд дар саросари кишвар анҷом мешуд. Нирӯҳои хориҷӣ мегӯянд, ки амалиёти шабона беҳтарин роҳи мубориза бо шӯришиёни Толибон мебошад. Президент Карзай бо интиқод аз паёмадҳои рейдҳо хатми комили амалиёти шабонаи нирӯҳои хориҷиро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG