Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Неъматулло Асронқулов, паҳлавони тоҷик
Неъматулло Асронқулов, паҳлавони тоҷик

Паҳлавонони тоҷик дар яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳри Тошканд аз медалҳои мусобиқот бенасиб монданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 10 нафар шомил буданд.

Вай афзуд, дар рақобатҳои инфиродӣ танҳо Неъматулло Асронқулов дар вазни то 90 кг дар даври аввал бар гуштигири Озарбойҷон Рамин Қурбонов ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз паҳлавони Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев мағлуб гашт.

Аъзои дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Ҷамшед Халилов, Хушбахт Қурбонмамадов (ҳарду - вазни то 60 кг), Ҷасур Самиров (то 66 кг), Фаррухрӯз Собиров (то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Шерзод Шайхов (ҳарду – то 81 кг), Парвиз Собиров, Фурқатҷон Назриев (ҳарду – то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (то 100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар сабқати мардон мизбонон – паҳлавонони Узбакистон бо касби 10 медал (3 тилло-3 нуқра-4 биринҷӣ) дар ҳисоби дастаӣ ғолиб шуданд. Дастаи мардонаи Қазоқистон бо касби 2 медали тилло дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Дастаи Бразил бо касби 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ севум шуд. Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби як медали тилло мақоми панҷумро азони худ кард.

Ғолибони Ҷоми ҷаҳон дар Тошканд
Мардон

-60 кг
1. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)
2. ЕСИМБЕТОВ Габит (Узбакистон)
3. ЧАММАРТИН Людовик (Швейтсария)
3. МУШКИЕВ Илгар (Озарбойҷон)

-66 кг
1. ЛИМ Сергей (Қазоқистон)
2. ДРАГИН Димитрий (Фаронса)
3. ФАРМОНОВ Мирҷоҳид (Узбакистон)
3. ПОЛЛАК Голан (Исроил)

-73 кг
1. ШАРИФОВ Миралӣ (Узбакистон)
2. ВАНЛИОҒЛУ Ҳасан (Туркия)
3. ХУСУЗ Сезер (Туркия)
3. МАЛОМАТ Алӣ (Эрон)

-81 кг
1. СТИВЕНС Тревис (ИМА)
2. КАВАКАМИ Томохиро (Ҷопон)
3. ИМОМОВ Якхо (Узбакистон)
3. КАЧУР Калем (Канада)

-90 кг
1. ЧОРИЕВ Дилшод (Узбакистон)
2. СИНЯВСКИЙ Вадим (Укроин)
3. ГЕРАСИМЕНКО Дмитрий (Сербия)
3. ҶӮРАЕВ Шералӣ (Узбакистон)

-100 кг
1. САИДОВ Рамзиддин (Узбакистон)
2. ҚУРБОНОВ Уткур (Узбакистон)
3. КОРРЕА Лучиано (Бразил)
3. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)

+100 кг
1. СИЛВА Рафаел (Бразил)
2. ТУЛЕНДИБОЕВ Одилҷон (Узбакистон)
3. БОЛТАЕВ Болтабой (Узбакистон)
3. ТОҲИРОВ Эмил (Озарбойҷон)
XS
SM
MD
LG