Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои замонӣ бо озодии кӯҳнавардони амрикоӣ дар Эрон


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон

Вакили мудофеи ду кӯҳнаварди амрикоӣ дар Эрон гуфт, раҳоии онҳо шояд то рӯзи 20 сентябр таъхир шавад.

Масъуд Шафеӣ гуфт, ӯ дар пайи ба даст овардани имзои қозии парванда зери санадест, ки раҳоии Шон Бауэр ва Ҷош Фатталро тазмин диҳад, вале ин қозӣ фақат рӯзи сешанбе аз мураххасӣ бар хоҳад гашт.
Акнун дидаҳо ҳама ба сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод дӯхта шудаанд, ки оё имрӯз ба анҷумани СММ дар Ню-Йорк дасти холӣ хоҳад рафт ё пайки озодии Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал дар даст?


Қабл аз Шафеӣ намояндаи Ироқ дар Эрон Нозим Даббоғ гуфт, ки замони раҳоии ин ду амрикоӣ шояд ба остонаи сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ню-Йорк мувофиқ гардонда шудааст.

Қарор аст, Аҳмадинажод ба хотири ширкат дар иҷлоси солонаи Маҷмаи умумии СММ роҳии Ню-Йорк шавад ва Нозим Даббоғ изҳори умед кард, ки Бауэр ва Фаттал пас аз ин сафар ба озодӣ мушарраф хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ ва ҳам давлати Уммон ба хотири мусоидат ба раҳоии кӯҳнавардони амрикоӣ бо мақомоти эронӣ вориди музокирот шудаанд.

Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал
Шон Бауэри 28-сола ва Ҷош Фаттал, ки аз ӯ ҳамагӣ як сол бузургтар аст, дар моҳи гузашта бо ҷароими “убури ғайриқонунии марз” ва “ҷосусӣ” 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Онҳо ва дӯстдоштаи Бауэр - Сара Шоурд - ҳанӯз моҳи июли соли 2009 ҳангоми кӯҳнавардӣ дар як кӯҳистони воқеъ дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд. Худи онҳо мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ нодониста вориди хоки Эрон шудаанд. Аммо Теҳрон бар ин бовар аст, ки онҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ ҷосусӣ мекарданд.

Сара Шоурд моҳи сентябри соли гузашта дар ивази ним миллион доллар пули васиқа озод шуд ва ба Амрико баргашт. Дар ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар мусоҳиба бо расонаҳои амрикоӣ хабар дод, ки Бауэр ва Фатталро низ таҳти айни шароити Шоурд то ду рӯзи дигар раҳо хоҳанд кард.

Вакили онҳо Масъуд Шафеъӣ ба дунбол гуфт, дар баҳои раҳоии ин ду низ ниммиллиондолларӣ пули васиқа муқаррар шудааст, ки ба муҷарради расиданаш хатти бароти Бауэр ва Фаттал низ имзо хоҳад шуд. Аммо қувваи қазоияи Эрон ҳамагӣ як рӯз баъд ин изҳороти умедворкунандаи Аҳмадинажодро радд кард ва гуфт, парвандаи кӯҳнавардони амрикоӣ ҳанӯз дар дасти баррасист.

Вале акнун дидаҳо ҳама ба сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод дӯхта шудаанд, ки оё имрӯз ба анҷумани СММ дар Ню-Йорк дасти холӣ хоҳад рафт ё пайки озодии Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал дар даст?
XS
SM
MD
LG