Пайвандҳои дастрасӣ

Кобинаи Либия то ҳол эълон нашудааст


Маҳмуд Ҷибрил

Маҳмуд Ҷибрил

Дар ҳоле ки набардҳо бо нирӯҳои содиқ ба раҳбари барканоршудаи Либия Муаммар Қаззофӣ идома дорад, ҳокимони муваққати ин кишвар мегӯянд, ҳанӯз бар сари ташкили кобинаи нав ба тавофуқ даст наёфтаанд. Сарвазири муваққат Маҳмуд Ҷибрил, ки бояд аъзои кобинаашро дирӯз таъйин мекард, гуфт, музокирот бар сари мақомҳои калидӣ идома дорад. Бо ин ҳол, нирӯҳои Шӯрои миллии гузор дар Банӣ Валид ва зодгоҳи Қаззофӣ –Сирт – ба муқовимати нирӯҳои тарафдори ӯ дучор шудаанд. Нирӯҳои зидди Қаззофӣ дар ин авохир чанд бор талоши вуруд ба Банӣ Валидро карданд, вале ба оташи нирӯҳои Қаззофӣ тоб наоварда, ақиб нишастанд.
XS
SM
MD
LG