Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сулҳи Ховари Миёна дар СММ


Тазоҳурот бо талаби эътирофи давлати Фаластин дар канораи бохтарии рӯди Урдун
Тазоҳурот бо талаби эътирофи давлати Фаластин дар канораи бохтарии рӯди Урдун
Дар СММ мавзӯъи азсаргирии музокироти сулҳи Исроил бо фаластиниҳо ва ҷилавгирӣ аз буҳрони ҷадиде, ки азми фаластиниҳо барои эътирофи давлати Фаластин аз сӯи СММ метавонад дар пай дошта бошад, баррасӣ шудааст. Дар ин музокирот намояндагони Исроилу фаластиниҳо ва чоргонаи сулҳи Ховари Миёна –СММ, ИА ва Амрикову Русия ширкат кардаанд. Амрико ва муттаҳидаш Исроил мегӯянд, райъгирии пешниҳоди таъсиси давлати Фаластин дар СММ ба имкони комёбии музокироти сулҳ латма хоҳад зад. Амрико гуфта, ки рӯи дархости фаластиниҳо дар Шӯрои Амният вето хоҳад гузошт. ИМА мегӯяд, аз давлати ояндаи Фаластин ҳимоят мекунад, вале ин давлат бояд тавассути музокирот бо Исроил рӯи кор биояд. Раҳбарони фаластиниҳо аммо мегӯянд, чандин соли музокирот натиҷа надод.
XS
SM
MD
LG