Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Страусс-Кан ба интихобот нахоҳад рафт


Доминик Страусс-Кан робитааш бо хидматгори меҳмонхонаи Ню-Йорк Нафисат Диаллоро “номуносиб” ва “ғайриахлоқӣ” номид, вале иддаои он хонумро, ки мегуфт, ба номусаш таҷовуз шуда буд, радд кард. Мудири собиқи Сандуқи байналмилалии пул дар нахустин мусоҳибаи телевизионӣ баъди лағви парвандааш дар моҳи август гуфт, ӯ аз ин амали худ “як умр таассуф хоҳад хӯрд.” Страусс-Кани 62-сола баъди боздошташ дар моҳи май аз ин мақоми баланд истеъфо дод. Ӯ, ки як номзади умда ба интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Фаронса маҳсуб мешуд, имкони ширкаташро дар ин маъракаро истисно кард.
XS
SM
MD
LG