Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Непалу Ҳинд 11 кушта ба ҷо гузошт


Бар асари як заминларзаи 6,9-баллӣ дар Непал ва шимоли Ҳинд дастикам 11 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Зилзила ба аёлати кӯҳистонии Сикими Ҳинд асобат карда, ду пасларзаи сангинро низ ба дунбол доштааст. Бар асари офат хутути телефонӣ аз кор монда, тахриб шудани хаттҳои барқ боиси ба коми торикӣ рафтани Гангток, маркази аёлати Сиким шуд. Дар ин шаҳри ҷамъияташ 50 000 нафар чанд сохтмон ва ду шоҳроҳ тахриб шуда, шиддати заминларзаро дар Бутану Бангладеш ва пойтахти Ҳинд - Деҳлии нав низ эҳсос кардаанд.
XS
SM
MD
LG