Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 26 тазоҳургар дар Санъо


Бино ба хабарҳо, дирӯз бар асари болои издиҳоми эътирозгарон оташ кушодани нирӯҳои амниятии Яман дар пойтахташ – Санъо – дастикам 26 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Тазоҳуроти дирӯза яке аз бузургтарин раҳпаймоиҳои алайҳи раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар чанд моҳи охир буд. Солеҳ, ки баъд аз як сӯъиқасди моҳи июн дар Арабистони Саудӣ табобат мегирад, беш аз 30 сол боз бар ин фақиртарин кишвари арабӣ ҳукумат меронад. Бо вуҷуди фишорҳои байналмилалӣ ва 8 моҳи эътирозҳо, ки ин кишвари фақрзадаро фалаҷ кард, Солеҳ то ҳол аз қудрат нарафтааст.
XS
SM
MD
LG