Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди нахустини ҳамлаи хунини Камароб


Ҷасади Мулло Абдуллоҳ - мазнуни аслӣ дар ҳамлаи Камароб
Ҷасади Мулло Абдуллоҳ - мазнуни аслӣ дар ҳамлаи Камароб
Имрӯз, 19 сентябр аз шабехуни Камароб, ки мунҷар ба ҳалокати 28 сарбози артиши Тоҷикистон шуд, дуруст як сол мегузарад. Мақомоти Тоҷикистон масъулияти он ҳамларо ба гурӯҳҳои мусаллаҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов бор мекунанд. Ин ҳамла ба амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар водии Рашт оғоз гузошт. Алии Бедакӣ дар натиҷаи ин амалиёт дар авоили моҳи январ ва Мулло Абдуллоҳ дар моҳи апрел кушта шуданд. Давлат ба хотири саркӯбии ин гурӯҳҳо бо фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров вориди муомила шуд ва Искандаровро баъдан муовини раиси идораи умури дохилаи водии Рашт таъйин кард.
XS
SM
MD
LG