Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанг дар Хайбари Покистон 15 кушта бар ҷой гузошт


Бино ба гузоришҳо аз Покистон даҳҳо ҷангҷӯ ба як посгоҳи амниятӣ дар шимолуғарби ин кишвар ҳамла кардаанд ва дар набард бо онҳо 15 нафар кушта шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳодиса дар Бораи Акахел дар ноҳияи қабоилнишини Хайбар ба вуқӯъ пайвастааст ва дар ҷараёни он 10 ҷангҷӯ ва чаҳор маъмури пулиси маҳаллӣ ҷон додаанд. Ноҳияи Хайбари Покистон як маҳалли паноҳгоҳи Толибону Алқоида буда ва дар имтидоди марзи Афғонистону Покистон, воқеъ шудааст.
XS
SM
MD
LG