Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мегӯяд, талоши фаластиниён натиҷа намедиҳад


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, мегӯяд, ба эътиқоди ӯ, талоши мақомоти фаластинӣ дар Созмони Милал барои эътирофи Фаластин ба ҳайси кишвари мустақил натиҷа нахоҳад дод. Бенямин Нетаняҳу дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумати Исроил сухан гуфт ва афзуд, раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният бар тибқи муроди фаластиниён сурат нахоҳад гирифт. Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Ташкилоти худгардони Фаластин, гуфтааст, ки ҳафтаи оянда дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал расман хоҳад хост, то Фаластин ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмон пазируфта шавад. Амрико гуфтааст, дар сурати раъйгирӣ дар Шӯрои Амният, раъйи мухолиф хоҳад дод. Аммо кишварҳои арабӣ, Норвегия ва Русия аз талоши фаластиниён ҳимоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG