Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамриноти низомии нерӯҳои муштараки вокуниши сареи кишварҳои узви Паймони амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони "Омодагӣ ва роҳандозии амалиёти махсус ҷиҳати хунсо ва маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ" дар Лоҳур оғоз шуд.

Тибқи иттиллои ФАРИДУН МУҲАММАДАЛИЕВ, сухангӯи Вазорати дифои
Дафъатан бо ихроҷи НАТО нерӯҳои Толибон дар Тоҷикистону Узбакистон пайдо ва паҳн хоҳанд шуд ва он дигар ба мушкилии мо табдил мешавад...
Тоҷикистон, размоиши мазкур бо ширкати воҳидҳои махсуси нерӯҳои мусаллаҳи Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуда, дар ҷараёни он намояндагони куллия ниҳодҳои қудратии ин кишварҳо ширкат хоҳанд кард.

Баргузории размоиши нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар ҳоле доир мешавад, ки бархе аз масъулони давлати Русия, ки дар ин созмон нақши меҳвариро мебозад аз эҳтимоли бурузи ноамниҳо дар марзҳои Тоҷикистон ва Узбакистон аз самти Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дмитрий РОГОЗИН
Ахиран ДМИТРИЙ РОГОЗИН, намояндаи Русия дар НАТО, дар як сӯҳбати матбуотиаш бо нашрияи фаронсавии Le Figaro гуфтааст, "бо хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон на танҳо амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчунин Русия низ бо хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд."

Ӯ афзудааст, "НАТО бояд аҳдофи дар наздаш гузоштаро то ба охир бирасонад ва мо намехоҳем, ки бо "безобита кардани орухона" НАТО бернун равад ва моро рӯбарӯ бо "шағолони ҷангҷӯ" танҳо бигзорад. Зеро дафъатан бо ихроҷи НАТО онҳо дар Тоҷикистон ва Узбакистон пайдо ва паҳн хоҳанд шуд ва он дигар ба мушкилии мо табдил мешавад."



Ба ин далел бархе аз коршиносон ва соҳибназарон баргузории ин размоишро дар роҳи муқобала бо таҳдиди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ боаҳамият талаққӣ карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз чанд вақт ба ин сӯ як гурӯҳи мусаллаҳи номаълуме, ки худро "Ҷамоати Ансоруллоҳ" муаррифӣ кардааст, бо нашри навори видеоӣ дар сайтҳои интернетӣ аз "ҷангалҳои Тоҷикистон" паёми худро мунташир ва алайҳи низоми мавҷуда дар ин кишвар ҷиҳод эълон кардааст.

Абдулло ҲАБИБОВ
АБДУЛЛО ҲАБИБОВ, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, баргузории чунин машқҳои низомӣ аз он ҷиҳат дорои аҳамият аст, ки воҳидҳои мухталифи нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои гуногун дар баробари хатари умумӣ сангар мегиранд. Ҷаноби Ҳабибов афзуд, хатар аз самти Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиддӣ аст ва нерӯҳои Паймони амнияти дастҷамъиро зарур аст, ки ҳар лаҳза омода бошанд.

Дар ҷараёни ин тамриноти низомӣ ҳамчунин ҳамоҳангии мақомоти марбутаи Паймони амнияти дастҷамъӣ дар ҳолатҳои ноамнӣ ва бесуботӣ мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт.

Бо ин ҳол, Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, айни замон ҳамчунин як тамриноти мукаммали ситодӣ бо истифода аз технологияи компютерӣ ва ҷалби намояндагони сохторҳои қудратии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Амрико дар Донишкадаи низомии шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ҳадафи ин тамринот омодагӣ ба рафъи авоқиби офоти табиӣ ва ба ҷойи амн кӯч додани аҳолӣ ва ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии марз ва расонидани кӯмак ба осебдидагон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG