Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломати ироқӣ: "Эрон 2 амрикоиро озод мекунад"


Нозим Даббоғ фиристодаи Ироқ дар Теҳрон, имрӯз гуфт, ду саёҳи амрикоӣ, ки дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуданд, шояд рӯзи душанбе озод карда шаванд. Нозим Даббоғ, ба телевизиони “Ройтерс” гуфтааст, раҳоии ин ду нафар эҳтимолан ҳамзамон сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба Ню Йорк сурат мегирад, ки қарор аст, дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал ширкат кунад: "Интизор дорем, иншоолоҳ дар як ду рӯзи оянда ман пешбинӣ мекунам, баъди сафари оғои Аҳмадинажод ба Ню Йорк онҳо ҳам озод бишаванд.”
Барои раҳоии Шон Бауери 28 ва Ҷош Фатали 29-сола, Ҷалоли Толибонӣ, раиси ҷумҳури Ироқ низ кӯмак кардааст. Ин ду нафарро соли 2009 дар марзи Эрону Ироқ боздошт карданд ва додгоҳи Эрон онҳоро бо гуноҳи ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз ба 9 солии зиндон маҳкум кард. Аммо ҳарду иттиҳомоти ҷосусиро рад мекунанд ва мегӯянд, нодониста вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG