Пайвандҳои дастрасӣ

"Хуки қавииродаи" Чинро нусхасозӣ кардаанд


Олимони Чин, як хукеро нусхасозӣ кардаанд, ки дар заминларзаи фалокатбори соли 2008 бештар аз як моҳ тайи харобаҳо бо хӯрдани ангишт ва оби борон зинда монда буд. Дар ин заминларза дар вилояти Сичуан даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд. Олимони шаҳри Шенжен мегӯянд, аз хуки 150 килоӣ, ки бо номи “Хуки қавиирода” дар Чин маъруф аст, шаш хукбача офаридаанд, ки ҳамаашон ба падари 5-солаи худ монанданд. Хукбачаҳоро ба намоишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои Чин медодаанд.
XS
SM
MD
LG