Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти фармондеҳони аршади низомии ИМА ва Покистон


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, фармондеҳони низомии аршади ин кишвар ва Покистон дар талоше барои беҳбуди равобити дуҷониба гуфтӯгу кардаанд. Як сухангӯи Пентагон ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, Майк Муллен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ва ҳамтои покистонии ӯ Ашфақ Каёнӣ, дар ҳошияи як конфронси НАТО дар шаҳри Севиляи Испониё мулоқот кардаанд. Дидори ин ду мақоми аршади низомӣ, нахустин музокира миёни фармондеҳони баландмақоми Амрикову Покистон аз замони қатли Усома Бин Лодин маҳсуб мешавад. Ин амалиётро нерӯҳои Амрико бидуни огаҳии маъмурони амниятии Покистон дар моҳи май анҷом доданд, ки боиси тирагӣ дар равобити ду тараф шуд.
XS
SM
MD
LG