Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Юнон аз сафар ба Амрико даст кашид


Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон, ба хотири сару сомон бахшидан ба вазъи бади молии кишвараш, аз сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даст кашидааст. Қарор буд, Ҷорҷ Папандреу ҳафтаи оянда дар нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк ва нишасти Сандуқи Байналмилалии Пул ширкат кунад. Вале ӯ тасмим гирифтааст, дар Юнон бимонад ва ба масоили бӯҳрони молӣ дар кишвар машғул шавад. Бино ба гузоришҳо, Юнон дар иҷрои баъзе аз меъёрҳои дарёфти 8 миллиард евро кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул оҷиз мондааст. Ҳарду ин ниҳод, ба Юнон андаке камтар аз 219 миллиард евро кӯмаки молӣ ваъда кардаанд, ба шарте ки Юнон ба хотири ҷилавгирӣ аз варшикастагии фалокатбор, бахши хароҷоти буҷаро кам ва бахши даромадро бештар кунад.
XS
SM
MD
LG