Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суоли Юрий Лужков ҳанӯз ҳам беҷавоб мондааст


Юрий Лужков, шаҳрдори собиқи Маскав гуфтааст, бо гузашти тақрибан як сол аз барканориаш, ба ӯ далели ин қарорро шарҳ надодаанд. Дар мусоҳиба бо хабаргузории “Интерфакс”, Юрий Лужков гуфтааст, зоҳиран заминаи барканориаш “нигарониҳо доир ба бесадоқатии эҳтимолии ӯ” ба раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев аст. Юрий Лужков, ки 18 сол шаҳрдори Маскав буд, соли гузашта бо иддаъоҳо доир ба даст доштанаш дар фасодкорӣ аз мақомаш барканор шуд. Ҳамсари ӯ, Елена Батурина, ки ширкати бузурги сохтмонӣ дошт, яке аз миллиардерҳои Русия аст ва ба гуфтаи матбуоти русӣ, саҳми Юрий Лужков дар сарватманд шудани ӯ зиёд аст. Гуфта мешавад, ҳоло ҳарду бисёри вақти худро дар хориҷ аз Русия мегузаронанд.
XS
SM
MD
LG