Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши баёнияи дигари "Ансоруллоҳ"


Мақомоти амниятии Тоҷикистон навори видеоии гурӯҳеро, ки худро "Ҷамоати Ансоруллоҳ" муаррифӣ кардаанд, зери таҳқиқ қарор додаанд.

Як манбаи наздик ба ин мақомот бидуни бурдани ном таъйид кард, ки коршиносон ва мутахассисон дар ҳоли ҳозир ба таҳқиқи он ҷалб шудаанд.

Аммо ин манбаъ гуфт, аз мавҷудияти гурӯҳе бо "Ҷамоати Ансоруллоҳ" қаблан воқиф буданд ва Мулло Абдулло аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат, ки дар баҳори солӣ ҷорӣ дар шарқи кишвар аз сӯи нерӯҳои давлатӣ кушта шуд, аз фаъолони ин гурӯҳ ба шумор мерафт.

Дар ин навори видеоӣ нафаре, ки сӯҳбат мекунад мардумро ба ҷиҳод даъват карда мегӯяд, ҳадафи онҳо "гирифтани мансаб нест", балки мехоҳанд "ҳокимияти Қуръонро барпо созанд". Вай, ки гурӯҳ ва ҷонибдорони худро муҷоҳид
Мулло Абдулло РАҲИМОВ, ки дар баҳори соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ кушта шуд

унвон мекунад, мегӯяд, баъд аз 1431 сол пайдо шудани онҳо дар ҷангалҳои Тоҷикистон ба ин маъност, ки дини Худоро ба ин мардум бирасонанд. Дар идома ӯ аз уламо ва мардуми кишвар даъват кардааст, ки дар роҳи пешгирифтаи онҳо аз ҳама гуна кӯмак, ҳам ба молу ҳам ба ҷон, дареғ надоранд. Ҳамзамон ба уламо ҳушдор додааст, ки ҷиҳод бар алайҳи онҳо низ фарз хоҳад шуд, агарки онҳо бо ҷиҳоди эълоншуда мухолифат варзанд.

Ҳамакнун, ки навори мазкур дар шабакаи ҷаҳонӣ сайр кардан дорад, коршиносон ва таҳлилгарон дар бораи он чӣ назар доранд? Оё мавҷудияти чунин гурӯҳҳое, ки саъй доранд бар бесуботӣ замина бигзоранд ва Тоҷикистонро ноорому ноамн нишон бидиҳанд, чӣ аст?


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим



ҲИКМАТУЛЛО САЙФУЛЛОЗОДА, як масъули маркази таҳлилии "Диалог" дар шаҳри Душанбе мегӯяд, фаъолсозии чунин гурӯҳҳо, ки аз номи дини мубини Ислом сӯҳбат мекунанд, бо аҳдофи муайян ва муғризона сурат мегирад. Ҷаноби Сайфуллозода бо ишора ба сӯҳбатҳои бархе аз масъулони баландмақоми низомии кишварҳои абарқудрат, ки такрори "баҳори арабӣ" дар Тоҷикистонро баъид намедонанд, гуфт, ки нақшаи амали
Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОЗОДА

чунин гурӯҳҳо дар хориҷ аз кишвар сурат мегирад. Ӯ афзуд, дар ҳама ҳолат вуҷуди чунин гурӯҳҳо бар зарари миллат ва низ зарари нерӯҳои мухолифи давлат хоҳад буд.

Аммо МАҲДИИ СОБИР, коршиноси умури амниятӣ бар ин назар аст, ки дар сурати ба таври фаврӣ ҷилавгирӣ накардани ин гурӯҳ, он метавонад кишварро ноором ва ҷомеаро қисмат намояд. Зеро ин гурӯҳҳо бо он ки аз хориҷ кӯмакҳои фаровон ба даст меоваранд, дар дохил низ ҳаводорони худро пайдо мекунанд.

Ба ин тартиб, шумори аъзои гурӯҳи мазкурро наметавон аз ин навори видеоӣ мушаххас кард. Вале дида мешавад, ки ҳамаи онҳо мусаллаҳанд, ришҳои дароз ва бархе ҳам дар сар пакули афғонӣ ва дар тан либосҳои низомӣ доранд.

Зоҳиран нафаре, ки сӯҳбати ӯро ба эҳтимоли зиёд тавассути телефони мобилӣ забт кардаанд, роҳбарии ин гурӯҳро бар ӯҳда дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар шумори гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон шомил нашудааст.
XS
SM
MD
LG