Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нишасти вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо


Вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзи дуввуми нишасти худ дар шаҳри Врослави Лаҳистон, доир ба низоми бонкӣ дар кишварҳои узв гуфтӯгу мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Лаҳистон, вазирон саъй хоҳанд кард, то “шеваҳои эҳтимолии эҳёи эътимод ба бозорҳои Аврупо ва беҳбуди вазъи молиро” пайдо кунанд. Натиҷаҳои арзёбии вазъи молии бонкҳои Аврупо, ки аввали сол сурат гирифт, дар ин нишаст баррасӣ хоҳад шуд. Берун аз ин нишаст, иттиҳодияҳои коргарӣ дар садади баргузории тазоҳурот бар алайҳи талабҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, ки аз Юнон хост, ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ, хароҷоти давлатиашро башиддат коҳиш диҳад. Конфедератсияи иттиҳодияҳои тиҷоратии Аврупо баргузоркунандаи тазоҳурот мегӯяд, талабҳои иттиҳодия сабаби афзоиши бекорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG