Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Душанбе аз қатли атбоъи тоҷик дар Русия


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Душанбе аз мавридҳои афзояндаи қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия изҳори ташвиш кард. Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Маҳмуд Собиров рӯзи ҷумъа дар мулоқоте ба сафири Русия Юрий Попов бо изҳори нигаронии ҷиддии Душанбе гуфтааст, ки қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов дар ноҳияи Сергиев Посади вилояти Маскав ҷомиаро таккон дод. Оқои Собиров хостори мусоидати мақомоти Русия дар таъмини таҳқиқи фарогири ин қазия шуд. Ҷасади гарданбуридаи Ҷонибек Қосимовро рӯзи 7 сентябр аз як ҷангалзор дар Сергиев Посад ёфтанд.
Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар давру бари 1 миллион нафар рақакм зада мешавад. Бино ба маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, тайи 8 моҳи аввали сол аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 600 мурда овардаанд.
XS
SM
MD
LG