Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Одинаи Ҳошим аз бузургтарин сарояндагони сабки роғӣ ва фалак дар садаи бистум буд.

Ӯ дар оғоз ҳунари мусиқиро аз мактаби падари ҳунармандаш Ҳошим Қосимов омӯхта буд.

Одина Ҳошим дар 56 соли умри худ ҳудуди 30 сол рӯи саҳна буд ва наздики 500 тарона сурудааст. Аксари таронаҳои ӯ бар матни шуарои классики форсу тоҷик эҷод шудаанд.

Эҳтирому шӯҳрати Одина Ҳошим хеле фаротар аз Тоҷикистону Шӯравӣ рафта буд. Ва ба дунболи суқути Шӯравӣ, Одина Ҳошим аз нахустин афроде буд, ки фарҳангу ҳунари тоҷикро дар Эрон муаррифӣ карда ва дар он кишвар мухлисони зиёде дошт.

Тақрибан пас аз 10 соли фавти Одина Ҳошим фарзандон ва пайвандон гурӯҳи ҳунарии мардумие бо номи Одина Ҳошим таъсис додаанд. Ҳунармандони ин гурӯҳ аскаран бо сабки Одинаи равоншод месароянд ва мактаби ӯро зинда медоранд.

Сабти фиттаву наворҳои Одина Ҳошим дар маъхази хонаводагии фарзандаш Раҳматуллоҳ маҳфуз аст.Сабтҳое, ки теъдоде аз он сурудҳоро Одина Ҳошим рӯи лентаи магнитофон сабт карда буд, аммо на замони ҳаёт ва на пас аз марг то кунун дар ҷое нашр нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG