Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Сурия 15 нафар кушта шуданд


Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон мегӯяд, нирӯҳои режими Башор Асад рӯзи ҷумъа боз 15 нафарро куштаанд. Ба гуфтаи фаъолон, 5 нафар дар як амалиёти субҳи 16 сентябр дар вилояти марказии Ҳамо ва 8 тан дар устони шимолии Ҷабал-аз-Зовия кушта шуданд. Нирӯҳои амниятӣ дар Ҳумс ду тан аз тазоҳуротеро, ки баъди намози ҷумъа ҷамъ шуд, сари тир кардаанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Троблус, пойтахти Либия гуфт, онҳое ки дар Сурия мардумро таъқиб мекунанд, бақо надоранд.
XS
SM
MD
LG