Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли боз як имоми масҷид дар Доғистон


Пулиси Русия мегӯяд, як имоми масҷид дар ҷумҳурии Доғистон аз сӯи силоҳбадастони ношинос кушта шуд. Аз моҳи июн ба сӯ Зайниддин Дайзиев севвумин рӯҳониест, ки дар ин гӯшаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия кушта мешавад. Ба гуфтаи мақомот, афроди мусаллаҳ рӯзи панҷшанбе ба манзили Дайзиев дар рустои Кадари ноҳияи Буйноқ, дар ҷанубушарқи Махачқалъа ҳамла бурда, ӯро бо тири мусалсал куштаанд. Як имоми дигар моҳи июл низ дар Буйноқ кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG