Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси тарҳи Роғун тобистони оянда анҷом хоҳад шуд


Бонки ҷаҳонӣ натоиҷи ниҳоии ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дар тобистони соли оянда ироа хоҳад кард. Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъа дар мулоқоти мудири Бонки ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баррасӣ шудааст. Мухолифати кишварҳои поёноби минтақа ба тарҳи Роғун боис шуд, ки Душанбе анҷоми ташхиси ин тарҳи барояш ҳаётан муҳимро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Бонки ҷаҳонӣ аз маблағгузорони умда ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, феълан дар ин кишвар 16 барнома ба маблағи умумии 220 миллион долларро иҷро мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG