Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт алайҳи ду пойгоҳи охирини Қаззофӣ


Нирӯҳои ҳукумати муваққати Либия дар самти ду пойгоҳи охирини Муаммар Қаззофӣ пеш рафтаанд. Фармондеҳони нирӯҳои зидди Қаззофӣ мегӯянд, ки онҳо аз чанд самт ба Банӣ Валид, воқеъ дар 180-километрии Троблус наздик мешаванд. Шаби гузашта байни нирӯҳои ҳукумати муваққат ва сарбозони содиқ ба Қаззофӣ дар зодгоҳи ӯ – Сирт низ даргириҳо сурат гирифтаанд. Бино ба хабарҳо, дар ин набардҳо 12 тан аз нирӯҳои ҳукумати муваққат кушта шуданд. Куҷо будани худи Қаззофӣ маълум нест. Бо ин ҳол, имрӯз сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо як сафар вориди Либия шуд.
XS
SM
MD
LG