Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз нав истирдоди Боқиевро хоҳад хост


Қурмонбек Боқиев
Қурмонбек Боқиев
Қирғизистон дархости нав барои истирдоди раҳбари собиқаш Қурмонбек Боқиевро омода мекунад. Боқиев баъди суқути давлаташ дар апрели соли 2010 ба Беларус паноҳ бурдааст. Муовини вазири дохилаи Қирғизистон Мелис Турғонбоев гуфт, Бишкек акнун истирдоди Боқиевро дар иртикоби парвандаи қатли раҳбари собиқи дастгоҳаш Мадад Содирқулов тақозо мекунад. Ибтидо мақомот мегуфтанд, ки Содирқулов ва ду ҳамроҳи ӯ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳалок шудаанд. Вале дар ин ҳафта пулиси қирғиз эълон кард, ки ӯро бо амри Ҷониш, бародари Қурмонбек Боқиев куштаанд. Ҷониш Боқиев он замон раҳбари хадамоти амниятии президент буд ва баъди суқути давлати бародараш аз Қирғизистон фирор кард.
XS
SM
MD
LG