Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли раҳбари Ал-Қоида тасдиқношуда боқӣ мемонад


Мақомоти Покистон мегӯянд, таъйиди хабари ҳалокати як раҳбари аршади Ал-Қоида дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро надоранд. Қаблан ду мақоми амрикоӣ бидуни бурдани ном аз кушта шудани Абӯҳафс ал-Шаҳрӣ хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти Амрико , ин зодаи Саудӣ ҳамоҳангсози ҳамалоти зидди Амрико дар минтақа буд ва бо Толибон дар Покистон ҳамкории зич дошт. Баъди кушта шудани Атия Абдулраҳмон дар моҳи август Абӯҳафс раҳбари дуввуми Ал-Қоида шумурда мешуд. Мақомоти
Покистон қаблан гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи якшанбеи ҳавопаймои бесарнишин 3 ҷангӣ, бо шумули як хориҷӣ кушта шуданд. Аммо сухангӯи артиши Покистон Атҳар Аббос рӯзи ҷумъа гуфт, то ҳол далеле надоранд, ки дар байни кушташудаҳо будани Абӯҳафсро тасдиқ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG