Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои ҳукумати муваққати Либия ба нахустин ҳамлаи густарда алайҳи зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ иқдом кардаанд. Бино ба хабарҳо, садҳо ҷангӣ таҳти ҳимояти тонкҳо вориди Сирт, воқеъ дар тақрибан 450-километрии Троблус шуданд, вале дар ин ҷо ба оташи нишонзанҳо ва нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ дучор омаданд. Бино ба хабарҳо, нирӯҳои ҳукумати муваққат маҷбур шудаанд, аз Сирт ақиб нишаста, дар канораҳои шаҳр сангар бигиранд. Сирт яке аз охирин пойгоҳҳоест, ки ба режими Қаззофӣ содиқ боқӣ мемонанд. Ин ҳамла дар ҳолест, ки дирӯз раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва сарвазири Бритониё Девид Камерон - ду пуштибонии асосии амалиёти НАТО дар Либия – аз Троблусу Бенғозӣ дидан карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG