Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси буҳрони евро дар нишасти Врослав


Тимотӣ Гейтнер

Тимотӣ Гейтнер

Имрӯз дар Лаҳистон мулоқоти изтирории вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер бо вазирони молияи кишварҳои минтақаи евро доир мешавад. Ин нишаст дар пасманзари нигарониҳои афзоянда пиромуни тавоноии евро дар амри муқобила ба буҳрони қарзҳост, ки як сол боз идома дорад. Лаҳистон раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад.
Ҳузури Гейтнер дар нишасти Врослав ҳамчун аломати амиқии буҳрони қарзҳои минтақаи евро талаққӣ мешавад. Интизор меравад, ӯ ҳамтоёни аврупоиаяшро ба таҳвили пули бештар ба сандуқи наҷоти феълан 440-миллиардевроии ИА даъват кунад.
XS
SM
MD
LG