Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилони қатли Бачаҷонов маҳкум шуданд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳукми се корманди боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлияро, ки дар марги Исмоил Бачаҷонов муттаҳам мешуданд, содир кард.

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифоъи Исмоил Бачаҷонов ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов, ду корманди вазорати адлия, ки бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ-расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ муттаҳам мешуданд, 8- солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, аммо бар пояи Қонуни авф 6 солро дар зиндони низомаш шадид сипарӣ хоҳанд кард. Вай афзуд, корманди дигари боздоштгоҳи муваққатии вазорат Латиф Давлатов, ки ба саҳлангорӣ муттаҳам мешуд, бо ҳукми додгоҳ 3 соли зиндон гирифт, аммо бар пояи Қонуни авф аз иҷрои ҷазо озод карда шуд: «Ҳамчунин додгоҳ муқаррар кард, ки ҳамсари Исмоил Бачаҷонов ҳуқуқ дорад тариқи қонун ҷуброни зарари расонидашударо биситонад».

ЛАТТУКӮБ БА ХОТИРИ КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ!!!


Исмоил Бачаҷонов, сокини 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва падари се фарзанд бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар зиндони низомаш шадид адои ҳукм мекард, аммо вақте, ки бояд бо қарори додгоҳ ба маҳбаси дигар таҳвил мешуд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз сӯи кормандони он латукӯб шуд ва дар роҳ ба сӯи бемористон ба ҳалокат расид.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим


Абдураҳмон Шарипов мегӯяд, кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ на ба ҳадафи куштор, балки ба хотири тарбияи маҳбус даст ба латукӯб задаанд: «Мақсаду иҷроиши ҷиноят ҳам куштор ва куштори рӯйрост ҳам набуд. Аз рӯи нишондодҳои шоҳидон ва худи судшавандаҳо, онҳо латукӯбро ба хотири корҳои тарбиявӣ бо Бачаҷонов роҳандозӣ карда будаанд».

"ХИЛОФИ МЕЪЁРҲОИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ..."

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик

Коршиносон мегӯянд, ҳукми додгоҳ дар мавриди кормандони вазорати адлия тибқи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст, аммо бар хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ аст. Ҳуқуқдони тоҷик Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, бандубасти ҷиноят аз сӯи тафтишот бар пояи қонунҳои ҷории кишвар аст, аммо моҳиятан он амале муҷозот нашудааст, ки бояд шавад: «Дар шароити имрӯз кирдори ин афрод ба қатори ҷиноятҳои қаторӣ, яъне расонидани зарари ҷисмонӣ ва баромадан аз ҳадди ваколат дохил мешавад. Аммо аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ин ҷо ҳангоми тафтишот азобу шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ё маҳбусон сурат мегирад. Яъне бояд аз рӯи ин ҷиноят бояд муҷозот муқаррар шавад. Ин тибқи ӯҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон ва ҳуқуқи байнулмилалӣ аст».

МАВОРИДИ ШИКАНҶА ДАР ЗИНДОНҲО

Моҳи июли соли равон мақомоти Тоҷикистон дар бораи ворид кардани моддаи махсус дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон сӯҳбат карданд. Яке аз далоили барҷаста шудани ин мавзӯъро ба марги
Сафаралӣ Сангов

маҳбус Исмоил Бачаҷонов ва Сафаралӣ Сангов, сокини Душанбе, ки низ ба иддаои наздиконаш аз латукӯби милисаҳо ҷон додааст, рабт медиҳанд.

Аммо дар қиёс бо қазияи Исмоил Бачаҷонов, парвандаи Сафаралӣ Сангов ба тӯл кашид ва ҳарду милиса дар парванда на ба ҳалокати ӯ, балки танҳо ба хунукназарӣ муттаҳам мешаванд. Мақомоти тафтишотӣ бар инанд, ки Сафаралӣ Сангов бар асари ба девор кӯфтани худ ҷон додааст ва милисаҳо ин амали ӯро пешгирӣ накардаанд.

Абдураҳмон Шарипов мегӯяд, кормандони вазорати адлия низ исрор доштанд, ки Исмоил Бачаҷонов низ гӯё худашро ба девор зада, сабаби ҳалокати худ шудааст, аммо ташхиси тиббӣ нишон дод, ки ҷароҳатҳои тани ӯро худи ӯ расонида наметавонист.

Марги як маҳбус дар боздоштгоҳи аввали Душанбе
XS
SM
MD
LG