Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, дар Душанбе Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари даcтгоҳи КМИР-и Тоҷикистон даргузашт.

Иллати марги Муҳибулло Додоҷонов сактаи қалбӣ унвон шудааст.

Ӯ 59 сол умр дошт ва аз соли 2000 ба ин тараф раҳбари дастгоҳи иҷрояи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.

Дар давоми фаъолияти ёздаҳсолаи кории ҷаноби Додоҷонов дар ин маснад, ду интихоботи порлумонӣ ва як интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор шуда буд. Оқои Додоҷонов аз ҷумлаи мақомоти давлатие буд, ки бо васоити эълом равобити ҳасана дошт.

Гуфтугӯи ду соли пеши Муҳибулло Додоҷонов бо хонандагони торнамои "Озодӣ дар ин ҷост

Аз ин қабл дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ Кароматулло Холиқов, муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ даргузашта буд.

Маросими хоксупории Муҳибулло Додоҷонов имрӯз дар зодгоҳи ӯ деҳаи Қирғизони ноҳияи Ваҳдат баргузор мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG