Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳамлаи густарда ба зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ


Размандагони ҳукумати муваққатии Либия нахустин ҳамлаи густардаи хешро ба зодгоҳи раҳбари барканоршуда Муаммар Қаззофӣ шурӯъ карданд. Бино бар хабарҳо ин нирӯҳо бо ҳимояти тонкҳо ба шаҳри Сирт ворид ва бо нишонзанҳо ва нерӯҳои мунтахаби Қаззофӣ рӯбарӯ шудаанд. Даргириҳо дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки сарвазири Британия Дейвид Камерон ва раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ, ду пуштибони асосии ҳамлаҳои ҳавоии НАТО ба Либия, дар Троблус мавриди истиқболи издиҳом қарор ёфтанд. Дар нишасти хабарӣ дар Троблус, Камерон аз Қаззофӣ ва тарафдорони вай даъват кард, силоҳ ба замин гузоранд ва ҳушдор дод, ки маъракаи НАТО дар ҳимоят аз либиёиҳо “то замоне ки зарур аст, идома хоҳад кард.”

“Кор нотамом аст. Ҳанӯз анҷом наёфтааст. Ҳанӯз бахше аз Либия зери назорати Қаззофист. Ҳанӯз макони Қаззофӣ маълум нест ва мо бояд ҳатман корро ба поён расонем.”

Дар сӯҳбат бо телевизоини Ал-Ройи Сурия, сухангӯи Қаззофӣ, Мӯсо Иброҳим сафари раҳбарони Британия ва Фаронсаро ҳамчун як иқдоми империалистӣ маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG