Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби “Ор-номус”-и Қирғизистон раиси худро барканор кард


Аъзои ҳизби “Ору номус”-и Қирғизистон дар порлумони ин кишвар раҳбари ҳизб Феликс Қуловро аз сафҳои худ ихроҷ карданд. Вакил Токон Мамитов гуфт, 15 аз 25 вакили ҳизб дар порлумон ба барканории Қулов ва ноиби раиси маҷлис Бодош Маъмуров райъ доданд. Онҳо ҳамчунин хостанд, Маъмуров аз мақоми ноиби раиси порлумон барканор шавад. “Ору номус” яке аз ду ҷиноҳи мухолифи давлат дар порлумон аст, аммо эълом дошт, ки акнун бо эътилофи ҳоким мепайвандад. Амалан ин ҳизб ба ду гурӯҳ тақсим шудааст.
XS
SM
MD
LG