Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии ИА дар таҳкими марзҳои шимолии Афғонистон


Иттиҳоди Аврупо (ИА) ваъда дод, ки барои беҳбуди амният дар марзҳои Тоҷикистону Узбакистон бо афғонистон 10,5 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Вилём Лоуренс, мудири тарҳи мудирияти марзи Бадахшон дар барномаи рушди Созмони Милал ин нуктаро дар як ҳамоиши байнулмилалӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон эълон кард. Вай гуфт, бахши асосии ин маблағ барои рушди равобит ва ҳамкорӣ миёни хадамоти марзбонӣ ва амнияти кишварҳои ҳаммарз ва ҳамчунин рушди иқтисодии манотиқи наздимарзӣ сарф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG