Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ҷабҳаи муштараки Шӯрои Миллии Сурия


Гурӯҳе аз мухолифони давлати Сурия аз таъсиси шӯрое хабар доданд, ки гуфта мешавад, аз ҷабҳаи муштараки зидди раисиҷумҳур Башор Асад намояндагӣ мекунад. Шӯрои Миллии Сурия дар як ҳамоише дар Туркия таъсис ёфт ва мегӯяд, 140 чеҳраи мухолиф, аз ҷумла 70 дигарандеши дохили Сурияро муттаҳид кардааст. Созмони Милал ҳадс мезанад, ки дар нооромиҳои Сурия аз моҳи март ба ин сӯ наздик ба 2600 нафар ва асосан мардум осоишта кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG