Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори раиси IMF аз марҳалаи бадтари бӯҳрони иқтисодӣ


Раиси Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) Кристон Лагард ҳушдор дод, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои пешрафта зимни раҳбарии ноқиси сиёсӣ ба «марҳалаи нав ва хатарнок» ворид гашт. Вай дар паёме дар Вошингтон афзуд, “ҳалқаи табаҳкор”-и рушди суст ва тавозуни суст аз нав авҷ мегирад ва “беиродагии сиёсӣ як ҷо бо беамали сиёсӣ” вазъро бадтар мекунад. Вай ба иқдоми муштарак ва ҷасурона дар муқобили амиқрафти бӯҳрони қарзи Аврупо даъват кард. Лагард қарор аст, ҳафтаи оянда ба нахустин ҷаласаи ниҳоди иборат аз 187 кишвари узв сарварӣ кунад.
XS
SM
MD
LG