Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия киштиҳои Исроилро таҳти назорат мегирад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, изҳор намуд, ки киштиҳои кишвараш «ба хотири таҳти назорат қарор додани Исроил» соҳилҳои шарқии баҳри Миёназаминро дидбонӣ мекунанд.

Ин изҳороти Эрдуғон дар музокироташ дар Тунис садо дод. Ба гуфтаи нахуствазири Туркия, ки имрӯз бо ҳамтои тунисияш Беҷӣ Қайид Эсебсӣ мулоқот дошт, «аз ин баъд Исроил наметавонад дар баҳри Миёназамин ба ҳар кори дилхоҳаш даст бизанад».

Равобити миёни Туркия ва Исроил баъди он ба сардӣ гароид, ки Тел-Авив аз узрхоҳӣ барои куштори нӯҳ шаҳрванди Туркия аз сӯи низомиёнаш сарпечӣ кард. Шаҳрвандони Туркия дар ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба киштӣ бо кӯмакҳои башарӣ барои навори Ғазза ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG