Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Дири Поён афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар мавзеъи Дири Поён, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ба 20 нафар расид. 40 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Маргталаб худро дар
маросими ҷанозаи раҳбари як қабила мунфаҷир кард. Кормандони полис ҳадс мезананд, ки ҳадаф гурӯҳи сокинони маҳаллӣ буданд, ки бо ҳукумат дар мубориза бо «Толибон» ҳамкорӣ мекунанд.
Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
Дар минтақаи Дири Поён, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, задухӯрдҳо миёни афроди мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятии Покистон пайваста рӯх медиҳанд.
XS
SM
MD
LG