Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис ва Лондон ба чирикиҳои Либия ваъдаи кӯмак карданд


Саркозӣ ва Камерон дар Маркази тиббии Троблус
Саркозӣ ва Камерон дар Маркази тиббии Троблус
Фаронса ва Бритониё ба чирикиҳои Либия ва Шӯрои миллии гузор баъд аз барканории Муаммар Қаззофӣ ҳам ваъдаи кӯмак карданд.

Дар ин бора раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон, ки имрӯз вориди Либия шуданд, изҳорот нашр карданд. Онҳо нахустин сарони кишварҳои оламанд, ки баъди ба дасти чирикиҳо гузаштани шаҳри Троблус ба Либия сафар карданд.

Николя Саркозӣ зимни суханронӣ дар Троблус гуфт, ки айни ҳол барои мардуми Либия муҳимтар аз ҳама ҳифзи ягонагӣ ва ҷилавгирӣ аз интиқомситонист. Ӯ афзуд, ки бо мурури замон раҳбари суқуткарда Муаммар Қаззофӣ барои ҷиноёташ дар додгоҳ ҷавоб хоҳад гуфт.

Фаронса ва Бритониё барои бомбборони муассисаҳои низомии Муаммар Қаззофӣ аз сӯи ҳавопаймоҳои Эътилофи НАТО пойфишорӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG