Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин чаҳор уйғур бо иттиҳоми ташкили беназмиҳо дар вилояти Шинҷон-Уйғур дар тобистони соли равон маҳкум ба эъдом шуданд. Додгоҳ онҳоро дар терроризм, оташзанӣ ва куштор муттаҳам кард.

Ба иттилоъи Кунгураи ҷаҳонии уйғурҳо, ки дар Олмон мустақар аст, айбдоршавандаҳо дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифтанд ва ба вакилони дифоъ дастрасии пурра надоштанд.

Бар асари задухӯрдҳо, ки моҳи июл миёни уйғурҳои мусалмон ва чиноиҳо дар шаҳрҳои Қашғар ва Хутан ба вуқӯъ пайвастанд, 32 нафар ба ҳалокат расиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG