Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Ҳелле Шмидт шонси пирӯзӣ дар интихоботро дорад


Интихоботи умумӣ дар Дания, ки имрӯз шурӯъ шуд, шояд бори нахуст бо пирӯзии як хонум анҷом ёбад.

Бар пояи назарпурсиҳои пешазинтихоботӣ, эътилофи ростгарои сарвазири феълӣ Ларс Расмуссен, ки даҳ соли ахир ба Дания раҳбарӣ мекунад, назар ба нерӯҳои чапгарои хонум Ҳелле Торнинг Шмидт раъйҳои камтарро соҳиб хоҳад шуд.

Хонум Шмидт маъракаи пешазинтихоботиро зери шиорҳои рушди иқтисодӣ доир намуд. Ӯ аз ҷумла, пешниҳод кардааст, ки рӯзи корӣ дар кишвар 12 дақиқа тамдид шавад. Ба гуфтаи Ҳелле Шмидт, ба ин васила ҳафтаи корӣ дар Дания як соат тулонитар мешавад, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG