Пайвандҳои дастрасӣ

ADB гуфт, "иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст"


Ашок Кумар ЛОҲИРӢ, мудири иҷроияи Бонки Осиёии Рушд

Ашок Кумар ЛОҲИРӢ, мудири иҷроияи Бонки Осиёии Рушд

Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, мизони афзоиши рушди иқтисодии Тоҷикистон 6,8 дарсадро ташкил медиҳад.

Ашок Кумар Лоҳирӣ, мудири иҷроияи ин бонк, ки дар садри як ҳайати Бонки Осиёии Рушд вориди Душанбе шудааст, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин хулосаи коршиносони БОР аст.
Бонки Осиёии Рушд яке аз ҳамкорони муассири Тоҷикистон аст ва то ахири соли 2010 ҳудуди 720 миллион доллар кӯмаки моливу фаннӣ расондааст...

Ӯ афзуд: "Ин ҳайат ба он хотир ба Душанбе омадааст, ки дар бораи мушкилоти иқтисоди кишвар дар ҳоли ҳозир иттилоъ гирад ва бубинад, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна пеш меравад ва барномаҳои муштараки Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд чӣ гуна амалӣ мешаванд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи он ки чӣ тавр таҳти идораи ҳукумат иқтисоди Тоҷикистон рушд мекунад, сӯҳбат кард. Ҳайати Бонки Осиёии Рушд аз он ки Тоҷикистон аз бӯҳрони иқтисодӣ муваффақона берун омадааст, хушнуд аст."

Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, маълумоти Бонки Осиёии Рушд аз нимсолаи аввали соли равон аст ва дар ҳоли ҳозир рушди иқтисоди кишвар 7,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Ин аввалин ва охирин изҳороти раҳбарони ниҳоди бонуфузи молиявии ҷаҳон ва ҳам мақомоти расмӣ дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон нест.

БА ИН РАҚАМҲО ТО КУҶО БОВАР КУНЕМ?

Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ ва Бунёди байнулмилалии асъор (IMF) низ аз рушди иқтисоди Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд. Аммо ин суол матраҳ аст, ки дар шароити имрӯз дар ҳоли болоравии нархи сӯзишворӣ ва амвол дар бозорҳо, таносуби шадидан манфии байни содирот ва воридот ва дигар авомил то куҷо мешавад ба ин қабил омори хушбинона бовар кард?

Раҳмон Баҳронов, сарвари раёсати пешбиниҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, рушди иқтисод дар қиёс бо марҳалаҳои ҳамсони соли гузашта гирифта мешавад. Вай афзуд, ҳанӯз маълумоти ҷадид дар ин бора ба вазорат аз Кумитаи омор ироа нашудааст: "Аммо аз рӯи таҳлилҳои шахсии ман, имсол тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи сохтмон маболиғи зиёд харҷ шуд. Ҳам аз ҳисоби маболиғи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ. Дар ҳоли ҳозир ҳиссаи сохтмон дар рушди иқтисодӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Нишондиҳандаҳо дар баъзе соҳаҳо воқеан моро ҳам қонеъ намекунад ва рушди баланд ҳам надорем. Дар сатҳи миёна аст."

"ОМОРИ РАСМӢ ҚОБИЛИ ЭЪТИМОД НЕСТ"


Тибқи иттилои расмӣ, ҳукумати Тоҷикистон барои иншооти ҷашнӣ беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ харҷ кардааст. Аммо коршиносон мегӯянд, омори расмӣ бар пояи маълумоти вазорату муассисаҳои давлатӣ таҳия мешавад, ки намехоҳанд фаъолияти худро камранг нишон диҳанд. Иқтисоддон Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, ниҳодҳои байнулмилалӣ худ механизми таҳлилу баррасии иқтисоди Тоҷикистонро надоранд ва ба оморе такя мекунанд, ки ҳукумат ба онҳо медиҳад.

Вай гуфт: "6 то 7 дарсад рушд кардани иқтисодиёт хеле гапи муҳим ва рақами бузург аст. Аммо дар асл воқеият ин тавр нест. Эътибор намедиҳанд, ки агар рушди иқтисодӣ ин қадар баланд бошад, пас, барои чӣ нархи амвол дар бозорҳои истеъмолӣ рӯз ба рӯз боло мераванд, на поён? Чаро дар бозорҳои истеъмолӣ маҳсулоти дохилӣ аҳён ба назар мехӯрад? Чаро воридот аз содирот баланд аст? Чаро таваррум ба осмон хестааст? Оморе, ки Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигарон медиҳанд, аз омори давлатӣ гирифта шудаанд. Омори расмӣ умуман қобили эътимод нест."

ADB ВА СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ РОҒУНУ CASA-1000


Бонки Осиёии Рушд яке аз ҳамкорони муассири Тоҷикистон аст ва то ахири соли 2010 ҳудуди 720 миллион доллар кӯмаки моливу фаннӣ расондааст ва дар ҳоли ҳозир бо 280 миллион доллар маблағи бонк дар соҳоти нақлиёт, тиҷорат, энержӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон тарҳҳои мухталиф амалӣ мешаванд. Бино ба иттилои намояндагии ин бонк дар Душанбе, то соли 2014 боз 250 миллион доллари дигар дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.

Вале бар пояи иттилои торнамои ифшогари Wikileaks Бонки Осиёии Рушд ва ҳам сармоягузори аслиаш - Чин ба далели фишорҳои Узбакистон изҳор доштаанд, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат нахоҳанд кард. Аммо Бонки Осиёии Рушд дар тарҳҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ ба Афғонистону Покистон, аз ҷумла CASA-1000 ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG