Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мурофиаи муҷримони таркиш дар метрои Минск


Дар Белорус мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи таркиш дар метрои шаҳри Минск шурӯъ шуд.

Бар асари таркиш дар истгоҳи метрои «Октябрская», ки 11 апрел ба вуқӯъ пайваст, 15 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ташкили таркиш ду шаҳрванди Белорус – Дмитрий Коновалов ва Владислав Ковалев айбдор мешаванд. Бар пояи иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, онҳо дар таркишҳои қаблӣ дар шаҳрҳои Витебск ва Минск ҳам даст доранд. Беш аз 120 тан аз осебдидагон дар таркиш дар метрои Минск дар мурофиа ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG