Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нерӯҳои Сурия дар Ҷамал-уз-Зовия


Нерӯҳои ҳукуматӣ ва тонку зиреҳпӯшҳои Сурия дар чанд мавзеъ дар минтақаи Ҷамал-уз-Зовия, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Туркия амалиёт доир мекунанд. Ҳама роҳҳо ба ин мавзеъҳо баста ва робитаи телефонӣ қатъ карда шудааст.

Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ чаҳор сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Дасти кам сад нафар, аз ҷумла ҳашт тан аз пайвандони сарҳанг Риёз Ал-Асад, ки ба ҷониби мухолифин гузаштааст, дастгир шудаанд.

Дар як мавзеъи канори Димишқ кормандони полис ба хотири парокандасозии маросими ёдбуди як мухолифи ҳукумат аз гази ашковар истифода бурданд.

Ба иттилоъи СММ, бар асари нооромиҳо дар Сурия дар шаш моҳи ахир беш аз 2600 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG