Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ва Камерон вориди Либия шуданд


Николя Саркозӣ ва Дэвид Кэмерон
Николя Саркозӣ ва Дэвид Кэмерон
Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон ба хотири музокирот бо мақомоти нави Либия вориди Троблус шуданд. Қарор аст, ки онҳо аз пойтахт ба шаҳри Бенғозӣ, ки дафтари Шӯрои миллии гузор то ҳол он ҷо мустақар аст, сафар кунанд. Троблус се ҳафта пеш таҳти назорати чирикиён қарор гирифт.

Ба хотири таъмини амнияти Саркозӣ ва Камерон шоми дирӯз 160 корманди полиси Фаронса ба Либия парвоз карданд.

Николя Саркозӣ ва Дэвид Камерон аз ҷонибдорони сарсахти бомборони муассисаҳои низомии Муаммар Қаззофӣ аз сӯи Эътилофи НАТО буданд.
XS
SM
MD
LG